Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки шурӯъ аз соли хониши 2019-2020 либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соли хониши 2018-2019 либоси ягонаи мактабӣ ихтиёрӣ буд. Аз соли нави хониш ин либос ҳатмӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ҷамъияти "Ӯзтукимачиликсаноат" рӯйхати муассисаҳоеро тартиб медиҳад, ки дар минтақаҳои Ӯзбекистон либоси мактабӣ истеҳсол мекунанд. Дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр дар нуқтаҳои барои мардум мувофиқ дӯкони фурӯши либоси мактабӣ таъсис хоҳад шуд.

Вазорат гуфтааст, либоси мактабӣ ба қимати бозор фурӯхта мешавад. Мудирони мактабҳо ва омӯзгорон аз дахолат кардан ба раванди хариду фурӯши либос манъ шудаанд.