Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳрвнадони кишвараш иҷозат дод, 10 ҳазор доллари нақдинаро аз кишвар берун баранду дар хориҷ суратҳисоб боз кунанд

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, то ин замон шаҳрвандони он кишвар ҳақ доштанд, ки то 2 ҳазор долларро бидуни эъломия ва то 5 ҳазор долларро бо тартиб додани эъломия ба хориҷ баранд.

Гуфта мешавад, барои берун бурдани миқдори бештари маблағ иҷозати Бонки марказии он кишвар зарур буд.

Ин тартибот 23 октябр баъди он ба иҷро даромад, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонуни нав "Дар бораи танзими бозори асъор"-ро имзо кард.

Қонуни мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандон иҷозат медиҳад, ки дар хориҷ суратҳисоби бонкӣ боз кунанд ва аз суратҳисоби бонкҳои Ӯзбекистон ба хориҷ ва баракс, аз хориҷ ба дохил маблағ ирсол намоянд.

Зикр мегардад, ки ҳуҷҷат ҳамчунин шаҳрвандонро вазифадор мекунад, ки тамоми ҳисобҳо ва пардохтҳоро дар дохили Ӯзбекистон бо асъори миллӣ анҷом диҳанд. Арзиши мол ва хизматрасониро бо асъори хориҷӣ нишон додан манъ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.