Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз шикояти вакили дифои раисҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро барои тағйир додани ҷойи ҳасби ӯ рад кард.
Замир Жоошев, вакили дифои Отамбоев ба "«Азаттик" гуфтааст, ки ӯ аз додгоҳ дархост арда буд, зерҳимояаашро таҳти ҳабси хонагӣ қарор бидиҳад, вале рад шуд.
«Амалкарди додгоҳҳо, ҳам ноҳиявӣ ва ҳам шаҳрӣ маро дар ҳайрат мегузорад. Ба назар мерасад, ки онҳо мунтазири фармон аз боло ҳастанд. Онҳое, ки бо ҳамин моддаи КҶ ҶҚ гунаҳкор шудаанд, ба ҳаси хонагӣ гирифта шуданд. Онҳое, ки беморанд дар бемористонҳои хусусӣ муолиҷа мешаванд. Вале Алмосбек Отамбоевро на танҳо барои ҳаси хонагӣ раҳо намекунанд, балки имкон намедиҳанд, ки саломатияшро барқарор кунад», - гуфтааст Жоошев.
Муҳлати будубоши Отамбоевро дар ҳабси пешакӣ додгоҳ то 7-уми апрел тамдид кардааст.
Ҳоло раисҷумҳури собиқ дар маҳбаси №47, ҷойе, ки дар охири моҳи декабр бар асари беморӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба он ҷо бурда шуд, қарор дорад.
Отамбоев дар мавридҳои даст доштан дар фасод, қонунӣ кардани даромадҳои ҷиноӣ, сарватандӯзии ғайриқонунӣ, ғайриқонуни соҳиб шудан ба сарватҳои табӣ ва ғайра муттаҳам мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста