Собиқ директори Комиссияи давлатии умури дин Акин Токталиев президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва сухангӯйи пешини ӯ Галина Байтерек ба додгоҳ шикоят бурдааст. Дар ин бора ба «Азаттык» (бахши қирғизии Радиои Озодӣ) худи Токталиев хабар додааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки аз мансаби директори Комисссияи давлатӣ  дар умури дин беасос барканор шудааст.

“Вақте маро аз мансаб барканор карданд, президент ва сухангӯйи вақти ӯ маро ба ифротгаро (эстремист) баробар карданд”, - гуфтааст Токталиев.

Ӯ аз ҷавобгарон 100 млн сом (зиёда аз 1,1 млн доллар) ва узрхоҳӣ талаб кардааст. Даъвогар рӯзи 8 июл ба суди ноҳияи Первомайскийи Бишкек муроҷиат намуда, лекин аризааш рӯзи 12 июл баргардонида шудааст. Рӯзи дигар Токталиев боз ҳуҷҷатҳо илова намуда, бори дигар даъво пешниҳод намудааст.

Дастгоҳи президент ва Галина Байтерек то ҳол ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи президент Содир Ҷабборов моҳи ноябри соли 2020 Акин Токталиевро ба вазифаи директори Комиссияи давлатии умури дин таъин кард. 9 феврали соли 2021 ӯ аз ин мансаб барканор шуд.

Собиқ директори Комиссияи давлатии умури дини Қирғизистон Акин Токталиев
rus.ozodlik.org

Акин Токталиев ба “Кумитаи ҳифзи обрӯву эътибори халқи Қирғизистон” роҳбарӣ мекунад. Ба сифати ҳомии ҳуқуқ ва адвокат маъруф аст. Дар мурофиаи додгоҳии парвандаи гаравгон гирифтани раиси вилояти Иссиқ-Кӯл аз Содир Ҷабборов ҳимоят намуда, изҳор дошта буд, ки парванда ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.