Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки хуруҷи неруҳои посдори сулҳи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) аз ин кишвар пас аз ду рӯз оғоз ёфта, муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости.
“Иҷрои вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД муваффақона анҷом ёфта, пас аз ду рӯз хуруҷи марҳила ба марҳилаи онҳо шурӯъ мешавад. Ҷараёни хуруҷи неруҳо муддати на бештар аз 10 рӯз вақтро мегирад”, - иброз доштааст ӯ зимни суханронӣ назди вакилони парлумон.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки марҳилаи шадиди амалиёти махсуси зиддитеррористӣ гузашт.
Қаблан сарвари давлати Қазоқистон изҳор дошта буд, ки вазифаи асосии неруҳои посдори сулҳи СПАД посбониву таъмини амният дар иншооти стратегии Алмато ва пойтахти кишвар аст ва он ба сохторҳои қудратии Қазоқистон имкон фароҳам овард, ки барои муқовимат бо террористон неруи бештар сафарбар созанд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои узви СПАД 200 нафар хизматчиёни ҳарбии худро ба Қазоқистон фиристод. Онҳо бо ҳавопаймоҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия ба Алмато интиқол дода шуданд.
Тибқи гузориши шабакаи телевизионии “Россия 24” неруҳои посдори сулҳ аз Тоҷикистон анборҳои захираи маҳсулоти нафтии Қазоқистонро посбонӣ мекунанд.
“Низомиёни Тоҷикистон посбониву амнияти анборҳои захираи маҳсулоти нафтӣ, хизматчиёни ҳарбии Беларус - фурудгоҳ, қирғизҳо - Маркази барқи гармидиҳии 2, неруҳои посдори сулҳи Русия ва низомиёни Арманистон - фурудгоҳи Алмато ва як қатор дигар иншооти стратегиро таъмин мекунанд”, - зикр мешавад дар гузориш.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста