Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмазбек Бейшеналиевро ҳангоми гирифтани пора боздошт намуд, хабар медиҳад Интерфакс.

“Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо далели тамаъҷӯӣ ба миқдори ниҳоят зиёд вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмазбек Бейшеналиев ҳангоми гирифтани пора боздошт шуд”, - хабар додааст хадамоти матбуоти ВКД-и Қирғизистон.

Гуфта мешавад, айни замон вобаста ба ин ҳолат далели гирифтани 11 ҳазор доллар барои ба макотиби олии Қирғизистон дохил кардани донишҷӯёни хориҷӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки Бейшеналиев аз моҳи феврали соли 2022 ба ҳайси вазири маориф ва илми Қирғизистон ифои вазифа мекард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.