Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти 9-уми Созмони кишварҳои туркӣ ба кор оғоз кард. Дар ин чорабинӣ бо иштироки сарони 7 кишвар масоили ҳамкориҳо байни кишварҳои туркзабон баррасӣ мешавад.

Ба ҳайати Созмон Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон шомиланд. Дар назар аст, ки Туркманистон имсол ба узвияти комилҳуқуқи Созмон пазируфта шавад.

Дар кори нишаст сарони ин кишварҳо, инчунин намояндагони кишварҳои нозири Созмон, аз ҷумла собиқ президент Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан иштирок доранд.

Нишасти имрӯза вохӯрии 9-уми сарони кишварҳои туркзабон мебошад. Созмони мазкур соли 2009 нахуст бо номи Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон (Шӯрои туркзабон) таъсис дода шуда, соли гузашта ба Созмони кишварҳои туркӣ табдили ном кард.

Чорабинии имрӯза зери унвони “Марҳилаи нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи рушди умумӣ ва шукуфоӣ” (Новая эра тюркской цивилизации: на пути к общему развитию и процветанию) баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа тасдиқи стратегияи мусоидат ба савдо ва қабули қарор дар бораи таъсиси фонди сармоягузорӣ бо сармояи аввали то 500 млн доллар дар назар аст, ки миёни кишварҳои узви Созмон ва Бонки рушди Созмон баробар тақсим карда мешавад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов, бастаи санадҳо, ки дар рафти нишаст ба имзо мерасанд, самти рушди созмонро то соли 2026 муайян мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.