Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Дар ин бора Kun.uz бо истинод ба дафтари матбуоти Вазорати маорифи халқии ин кишвар хабар медиҳад.
“Мувофиқи протоколи ҷаласаи дахлдори ҳукумат, дар робита ба босуръат поинравии ҳарорати ҳаво таътили зимистонаи толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ то 19 январи соли ҷорӣ дароз карда мешавад”, - зикр мешавад дар хабар.
Дарсҳое, ки аз 11 то 17 январ пешбинӣ шудаанд, дар давоми соли хониш ба таври фишурда таълим дода мешаванд. Ба ин тариқ, чоряки сеюми соли хониш рӯзи 18 январ оғоз мегардад.
Таътили зимистона бояд 14 рӯзи тақвимӣ, то 10 январи соли 2023 давом мекард. Оғози чоряки сеюм рӯзи 11 январ муқаррар шуда буд.
Тавре ки қаблан ВАО хабар дода буданд, эҳтимол меравад, ки рӯзҳои наздик ҳарорат дар Ӯзбекистон то ба 30 дараҷа хунук мерасад.
Қобили зикр аст, ки ин рӯзҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳаво хунук мешавад, лекин на ба он қадр шадид.