Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳороти хеш, ки дастраси “Азия-Плюс” гардид, таъкид намуд, ки зимни ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накардаанд.
“Тоҷикистон тавассути шабакаҳои расмӣ аз ҷониби Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони кишвар дар ҳодисаҳои зикршуда маълумот нагирифтааст. Гузашта аз ин, пас аз интишори иттилоъ дар расонаҳо бо истинод ба додситонии Қазоқистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон ба сохторҳои дахлдори ин кишвар муроҷиат карданд ва далелҳои зикршуда тасдиқи худро наёфтанд”, - гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.
Ин изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар робита ба иттилоест, ки дирӯз, 5-уми январ, Берик Асилов, Додситони кулли Қазоқистон барои расонаҳо иброз дошт.
Берик Асилов гуфт, дар парвандаи рӯйдодҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.
Ӯ афзуда буд, ки дар бетартибиҳои оммавӣ ва дигар ҷиноятҳо хориҷиён низ ба сифати гумонбарон эътироф шудаанд.
Дар бораи дигар ҷузъиёти иштироки хориҷиён дар рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 ӯ чизе нагуфтааст.
Ӯ таъкид доштааст, ки миёни боздоштшудаҳо ҳашт нафар аз пайравони ҷараёнҳои тахрибкоронаи мазҳабӣ низ ҳастанд.
Асилов зикр кардааст, ки дар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои январ 573 нафар маҳкум шудаанд, аз ҷумла дар ду парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ.
Ба гуфтаи додситони кулли Қазоқистон, то кунун 18 созмондиҳандаи ошӯб ошкор шуда, парвандаи 13 нафари онҳо аллакай дар баррасии додгоҳ аст.
Қаблан ВКХ-и Қирғизистон ба ин хабар вокуниш нишон дода, гуфта буд, ки “ба кадом гунае даст доштани шаҳрвандони Қирғизистонро ба рӯйдодҳои фоҷеабори соли гузашта дар Қазоқистон қатъиян рад мекунад”.
“Масъулият ва гуноҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон исбот нашудааст. Ҳеҷ як шаҳрванди Қирғизистон дар Қазоқистон на дар гирдиҳамоиҳо ва на дар тазоҳуроти оммавӣ ва ғоратгарӣ ширкат накардааст”, - зикр мешавад дар изҳороти ВКХ-и Қирғизистон дар ин робита.
Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон аввали моҳи январи соли гузашта баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо 238 нафар, аз ҷумла 19 нафар кормандони пулис ва ҳарбиён ҳалок шуда, 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ захмӣ шуданд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста