Субҳи имрӯз, 9-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Қаблан сухангӯи Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ин сафар як рӯз идома мекунад ва бегоҳии имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бармегардад.
“Сарвари давлат ҳамроҳи президентони дигар кишварҳо дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат мекунаду халос”, - гуфт сухангӯи Президенти Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, мулоқоти дуҷониба бо сарони давлатҳои дигар дар назар нест.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 9-уми ноябри соли 2023, дар Тошканд Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон соли 1992 ҳамроҳи Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он шуд.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста