Кадом халқҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд ва теъдоди онҳо чӣ қадар аст? Маълумот доир ба теъдоди аҳолиро Сentral Аsia гирдоварӣ намудааст.

 

Қазоқистон

То 1 январи соли 2025 теъдоди аҳолии Қазоқистон 20 млн 286 ҳазору 84 нафарро ташкил медод.

Аввали соли 2024 (теъдоди аҳолӣ 20 033 546 нафарро ташкил медод) ҳиссаи қазоқҳо дар таркиби этникӣ ба 70,9% ё худ 14,2 млн нафар расид. Ҳиссаи дигар халқҳо чунин буд:


Ҳамчунин дар Қазоқистон олмониҳо - 1,12%, тоторҳо - 1,11%, озарҳо - 0,76%, кореягиҳо - 0,60%, туркҳо - 0,45% ва дунганҳо - 0,42% зиндагӣ мекунанд.

 

Қирғизистон

Теъдоди аҳолии доимии Қирғизистон то 1 июли соли 2024 ба 7 млн 219 ҳазор нафар баробар буд.

То аввали соли 2022 (теъдоди аҳолӣ 6,7 млн нафарро ташкил медод) дар ин кишвар 4,9 млн қирғизҳо иқомат доштанд. Ҳиссаи миллатҳои дигар тариқи зайл буд:


 

Ӯзбекистон

То 1 январи соли 2025 теъдоди аҳолии доимии Ӯзбекистон 37 млн 543 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ба ҳолати 1 январи соли 2021 (теъдоди аҳолӣ 34,6 млн нафарро ташкил медод) ҳиссаи ӯзбекҳо дар таркиби аҳолии ин кишвар ба 84,4% ё худ 29,2 млн нафар баробар буд. Ҳиссаи дигар миллатҳо чунин буд:


 

Тоҷикистон

То 1 январи соли 2024 теъдоди аҳолии Тоҷикистон 10,2 млн нафарро ташкил медод.

Тибқи маълумоти барӯйхатгирии соли 2010 (теъдоди аҳолӣ 7 млн нафарро ташкил медод) ҳиссаи тоҷикон дар таркиби аҳолӣ ба 82,3% ё худ 6,173 млн нафар баробар буд. Ҳиссаи миллатҳои дигар тариқи зайл буд:


 

Туркманистон

Тибқи маълумоти моҳи декабри соли 2022, дар Туркманистон 7,05 млн нафар зиндагӣ мекарданд. Тибқи маълумоти барӯйхатгирӣ, ҳиисаи туркманҳо дар кишвар ба 86,7% ё худ 6,1 млн нафар баробар буд. Дар идома миллатҳои зерин қарор доштанд:


Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.