Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев зимни суханронӣ дар дидбонгоҳи Қарамиқ дар ноҳияи Чон-Олой изҳор доштааст, ки дар марзи Қирғизистон бо кишвраҳои ҳамсоя дигар силоҳи вазнин ҷойгир карда намешавад. Дар ин бора хабаргузории АКИpress иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи Тошиев, баҳсҳои марбут ба замин бо кишварҳоиҳамсоя пурра танзим шудааст: “Дигар қитъаҳои баҳсӣ нестанд. То задухӯрдҳои мусаллаҳона мерасид. Чӣ қадар марзонони қаҳрамони мо, ки сарҳад ва сарзамини моро ҳимоя мекарданд, ҳалок шуданд? Умедворам, ки акнун дигар чунин задухӯрдҳо такрор намешаванд, зеро чизе дигар барои баҳс боқӣ намондаааст”.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар робита ба тағйирот дар сиёсати сарҳадҳо, мақомот қоидаи истифодаи силоҳи оташфишон ва таъдоди воҳидҳои мусаллаҳро бозбинӣ мекунанд.
“Сарҳадбонон дигар аз силоҳ ва техникаи вазнин истифода намекунанд. Дар мувофиқа бо кишвраҳои ҳамсоя мо ҳамаи инро аз байн мебардорем. Танҳо силоҳи оташфишони сабук боқӣ мемонад”, - изҳор доштааст ӯ ва илова намудааст, ки марзбонон ба реҷаи сабуки адои хидмат мегузаранд.
Қаблан Қамчибек Тошиев изҳор дошта буд, ки ба зудӣ ҳузури доимии марзбонӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз миён бардошта мешавад.
Айни замон дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муҳандисӣ оид ба гузоштани поячӯбҳои симхоркашида аз ҷониби Қирғизистон ҷараён доранд.
Масофаи умумии сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 километрро ташкил дода, дар марҳилаи аввал гузоштани симхор дар 420 км ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сарҳад, ки 13 март дар Бишкек ба имзо расид, ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистонва Қирғизистон хотима бахшид.
Рӯзи 31 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.





Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста