“Изҳороти Тошиев (раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев - "АП") дар мавриди Ворух дар зоти худ иғвобарангез аст: пешниҳоди чизе, ки ба таҳқиқ барои ҷониби дигар қобили қабул нест, яъне огоҳона тамоми ҷараёни гуфтушунидро ба бунбаст ворид мекунад. Агар огоҳона набошад ҳам, ин бояд аз бесалоҳиятии комил ва надоштани қобилияти арзёбии воқеӣ ба вазъият гувоҳӣ медиҳад”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сиёсатшинос ва коршинос дар умури Шарқи Миёна ва Осиёи Марказӣ Александр Князев.
Ба гуфтаи ӯ, хомӯширо ихтиёр кардани ҷониби Тоҷикистон дар мавриди “ин рафтори ғайри қобили қабули ҷониби Қирғизистон мулоимтар гӯем, дуруст аст: чаро мушкилотеро, ки бе ин ҳам роҳи ҳалли худро намеёбад, боз ҳам печидатар кунем, охир ҷанг-ку эълон намекунем”.
“Лекин ин изҳорот тибқи мушоҳидаҳои ман, ҷанбаи зиддиқирғизиро аз ҷониби тоҷикистониён сарфи назар аз мавқеи расмии Душанбе, шадидан зиёд кард ва вокуниши дахлдори ҷониби Қирғизистон ҳам дер намепояд, яъне фазои умумии мухолифат меафзояд”.
Князев мегӯяд, ба ҳалли ин мушклот на Тоҷикистону на Қирғизистон омода нестанд, чунки муддати тӯлонӣ дар сатҳҳои гуногун - сар аз зиддиятҳои шахсиву хонаводагӣ то байни кишварҳо мухолифатҳои зиёде ҷамъ шудаанд.
“Ягона роҳи ҳалли чунин мушкилоти марбут ба сарҳаду қаламрав табодули мувофиқашудаи қитъаҳои баробари баҳсӣ мебошад. Дигар роҳе нест, лекин ҳозир он эҳтимоли хеле кам дорад, бахусус бо назардошти рафтори на ҳама вақт муносиби мансабдорон. Ҳар ду ҷониб барои табодули муносиб бо пешниҳоди ҷуброни зарурӣ ба аҳолӣ захира надоранд ва ин ба низоъҳои нав боис мегардад, ки дар ҳар кадоме аз ҳолатҳо моҳияти иҷтимоӣ дорад, лекин бо истифода аз симои айбдор шарҳ дода мешавад”, - иброз доштааст Князев.
Ба қавли коршинос, тахмин задан мушкил нест, ки кӣ аз ҷониби аҳолии Қирғизистон ва кӣ аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон гунаҳкор таъин мешаванд.
“Кори дақиқу давра ба давра ва ҳадди ақал як мисоли мусбат лозим аст, ки “минбаъд ба он такя карда, ин кори душвор, вале бори дигар таъкид мекунам, ягона кори имконпазир идома дода шавад”, - илова кардааст Князев.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба Тоҷикистон ду тарзи ҳалли мушкилоти марзиро пешниҳод кард.
"Якум - мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд. Дувум сахттар аст - мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор га аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор га-ро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", - гуфт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста