Душанбе. 9-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад.
Сардори шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Мавлон Шарипов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба ин муносибат шоми имрӯз дар маркази ҷавонони «Ориёно» кумита бо иштироки беш аз 60 нафар собиқадорони варзиши ҷумҳурӣ маҷлиси бошукӯҳ баргузор менамояд.
Ба гуфтаи ӯ, собиқадорони соҳаи варзишро муовини раиси кумита Кабирҷон Ҷураев табрик намуда, сипас барномаи фарҳангӣ доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ҷашни Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи август таҷлил карда мешавад.



Раиси диаспораи тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста