Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Ду варзишгари дорои имконияти маҳдуд, ки дар Олимпиадаи махсуси зимистона дар штати Айдахои Амрико Тоҷикистонро намояндагӣ мекарданд, соҳиби чаҳор медали тилло гаштанд.

            Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори миллии Спешиал Олимпикси Тоҷикистон Дилбар Шарипова хабар дод, тоҷикистониён Шоҳрух Маҳмудов ва Фирдавс Муродов ин ҷоизаҳоро дар мусобиқаҳои лижаронӣ ба даст овардаанд.

            Д.Шарипова мегӯяд, ин бори нахсут аст, ки дар чунин намуди варзиш тоҷикистониён ба чунин дастовард ноил мегарданд.