Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи футболи байнулмилалӣ (ФИФА) дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи футбол ва мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов хабар дод, дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони синнусоли то 12-сола дастаҳои Чин, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Мусобиқот ва ҳамзамон ҷашнвораи футбол рӯзҳои 18-25-уми август баргузор шуда, ҳамчунин таҳти сарпарастии ФИФА барои 30 нафар мураббиёни футболи вилояти Суғд курсҳои омӯзишии минтақавӣ гузаронида мешаванд.
Баргузории машғулиятҳо дар курсҳои омӯзишӣ ба дӯши устодон (инструкторон)-и соҳибтаҷрибаи ФИФА Александр Черноухо (Белорус) ва Усмон Тошев (Ӯзбекистон вогузор шудааст.
«Ман мутмаинам, ки ин чорабинӣ ба рушди футбол дар вилояти Суғд ва ҷалби бештари кӯдакон ба варзиш мусоидат хоҳад кард», - зикр кард дабири кулли ФФТ.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста