Ҳайати дастаи Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Дэгуи Кореяи Ҷанубӣ ширкат меварзад, муайян карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармураббии дастаи Тоҷикистон Ӯлмас Олимов хабар дод, ба ҳайати даста Дилшод Назаров (гурзпартойӣ) ва Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) шомил гардидаанд.
«Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқоти мазкур омода буда, айни замон Дилшод Назаров дар макони баргузории мусобиқот – Кореяи Ҷанубӣ машғули тамрин аст ва рӯзҳои наздик Влада Овчаренко низ ба он ҷо меравад», - гуфт ӯ.
Мусобиқоти чемпионат аз рӯйи ҳамаи навъҳо дар варзишгоҳи ш. Дэгу доир мегарданд, ки аз ҷиҳати бузургӣ пас аз шаҳрҳои Сеул, Пусан ва Инчхон чаҳорумин шаҳри бузургтарини Кореяи Ҷанубӣ аст.
Мусобиқоти мазкур аз 27-уми август то 4-уми сентябри соли равон доир гардида, дар он ҳудуди 2 ҳазор нафар варзишгарон аз 202 кишвари дунё ширкат меварзанд. Дар зарфи 9 рӯз варзишгарон барои гирифтани 47 медал (24 дад барои мардон ва 23 адад барои занон) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста