Федератсияи футболи Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз мусобиқоти соли 2011 футболбозони беҳтарини мамалакатро муайян кард.
Дарвози беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 дарвозабони 35-солаи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими «Истиқлол» Алишер Тӯйчиев дониста шуд, ки ба дарвозааш аз ҳама камтар ҳамагӣ 6 тӯб ворид шудааст.
Муҳофизатгари беҳтарин ва сармураббии беҳтарин насиби муҳофизатгар ва сармураббии бозикунандаи дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Маъруф Рустамов гардид. Таҳти сарварии ӯ соли гузашта дастаи «Равшан» ба медалҳои биринҷии мусобиқоти лигаи олии мамлакат соҳиб шуд.
Унвони нимҳимоятгари беҳтарин ба нимҳимоятгари дастаи мунтахаб ва тими «Регар «ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов сазовор дониста шуд. Ӯ ҳамчунин футболбози беҳтарини мавсими футболи соли 2011-и Тоҷикистон дониста шуд.
Ҳамлагари дастаи «Истиқлол» Юсуф Рабиев бо 32 тӯби задааш дар мусобиқоти нишонзанҳои беҳтарин ғолиб омада, ба ҷоизаи «Беҳтарин ҳамлагари соли 2011» лоиқ дониста шуд.
Соҳиби ҷойизаҳои дигари Федератсияи футболи Тоҷикистон инҳоянд: довари беҳтарин – Раҳмон Муртазоев; «Мураббии беҳтарини кӯдакон – Одил Каримов (Энергетик); беҳтарин футболбози мусобиқоти футболи хурд – Шерзод Ҷумъаев (Вавилон); беҳтарин сармураббии дастаи футболи хурд – Дамир Камалетдинов ва футболбоззани беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2011 – Мадина Фозилова (Ласточка).
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста