Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Универсиада, ки 7-уми июл дар Қазон оғоз шуд, соҳиби ду медал гардиданд.
Айни ҳол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни 162 кишвари иштирокдор, бо 2 медал ( 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар мақоми 19-ум қарор дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар сабқат Абдуазим Бойназаров (то 68 кг) ва Маҳмад Миров (то 62 кг) медалҳои нуқра ва биринҷиро соҳиб шуданд.
Мувофиқи иттилоъ, дар Универсиада, ки то 17-уми июл идома мекунад, 45 нафар варзишгари тоҷик дар нуҳ намуди варзиш иштирок меварзанд. Пас аз нахустин рӯзи мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён дар хисоби умумидастаӣ Русия бо 16 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи аввал буда, варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ (бо 3 +0+1) дуюм ва Хитой (бо 2+4+2) дар мақоми саввум чойгиранд. Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ Қирғизистон дар ҷойи шашум (2+0+2), Туркманистон – ҳафтум (1+2+3), Украина – ҳаштум (1+2+2), Беларус – нуҳум (1+1+1), Литва - чаҳордаҳум (1+0+0), Қазоқистон ва Тоҷикистон – нуздаҳум (0+1+1), Молдова ва Узбекистан – ҷои 25-ум(0+0+3), Латвия – мақоми 27-умро ишғол мекунанд
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста