Дастпарвари Бонки миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати Осиё оида ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон шарафёб гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқаи минтақавӣ, ки дафъаи 15-ум баргузор шуд, қариб 500 варзишгар аз 22 кишвари дунё иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13 варзишгар, 1 довар ва 3 мураббӣ намояндагӣ карданд.
Мақоми аввалро варзишгари Қазоқистон Сергей Емелянов ва ҷойи дуюмро бо натиҷаи Элёр Мамадалиев аз Ӯзбакистон сазовор гаштанд. Бояд гуфт, ки варзишгарони 8 кишвари олам соҳиби медалҳои мусобиқот шуданд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки медали ба дастовардаи Шаҳриёр Даминов нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.
Нодир Сафаров, мураббии дастаи мунтахаби қаиқронони Тоҷикистон ки дар ин мусобиқот ба ҳайси довар ширкат дошт, меъёрҳои муқарраршудаи довари дараҷаи байналмилалиро ба ҷо овард ва барои гирифтани ин унвон номзадии ӯ ба комиссияи Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ пешниҳод шуд.
Дар ҷаҳорчӯбаи мусобиқаи номбурда, дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи XVI Конфедератсияи қаиқронони Осиё барпо гардид, ки дар рафти он ҷаноби Масанори Нарита аз Ҷопон дигарбора раиси ин созмони минтақавӣ интихоб шуд.




Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста