Рӯзҳои 16-7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до ИТФ баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи миллии таэквон-до ва кигкбонсинги ҷумҳурӣ Эркин Латифов хабар дод, мусобиқа дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа воқеъ дар маҳаллаи Моҳи Нави пойтахт доир мегардад.
Ба гуфтаи Латифов, мусобиқот миёни писарону духтарони синнусоли 7-8-сола, 9-10-сола, 10-13-сола ва 14-17-сола гузаронида мешавад. «Дар қувваозмоиҳо ҳудуди 400 нафар варзишгарони наврас, аз ҷумла 100 нафар духтарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат меварзанд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки ин мусобиқа марҳилаи аввали омодагӣ ба мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Аз рӯи натоиҷи мусобиқот ғолибону ҷоизадорони ҳар кадоме аз гурӯҳи синнусолӣ бо ҷом ва медалҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин қайд шуд, ки варзишгарони наврас дар марҳилаи дуюми омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи марти соли оянда дар Душанбе доир мегардад, низ ширкат варзида, аз рӯи натиҷаҳои он ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон муайян карда мешавад ва маҳз ҳамин ҳайат моҳи апрели соли оянда Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё дар Непал намояндагӣ хоҳад кард.
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста