Дар Чемпионати XIX-уми ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ, ки рӯзҳои 13-14-уми декабр дар шахри Маскав баргузор шуд, варзишагри тоҷик Муин Гафуров ба гирифтани медали тиллои мусобиқот шарафёб гардид.
Намояндагони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Зуҳур Нурмаҳмадов ва Ризвониддин Бурҳонов соҳиби медалҳои нуқра ва Файзӣ Тобатов медали бириниҷии мусобиқотро ба даст овард.
Тавре дастандаркорони чорабинии мазкур зикр карданд, ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот таконбахшӣ ба рушди самбои ҳарбӣ бо мақсади шомил кардани ин навъи варзиш ба барномаи олимпиада аст. Дар ин мусобиқот, ки дар маҷмааи варзишии маъруфи «Крыля Советов» доир гардид, 110 нафар варзишгарон аз 18 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Таҳти сарварии варзишгари маъруф оид ба самбои ҳарбӣ Аъзам Хокиров дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқот варзишгарон – Анвар Одинаев (вазни 57 кило), Муин Гафуров (62 кило), Ризвониддин Бурҳонов (68 кило), Ҳазратулло Абдусаломов (74 кило), Зуҳур Нурмаҳмадов (82 кило) ва Файзӣ Тобатов (90 кило) намояндагӣ карданд.




Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста