Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии аввали мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона ба пирӯзӣ ноил гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона имрӯз дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Остона оғоз гардида, тарбиятгирандагони сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бар футболбозони навраси озарбойҷонӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд.

Ба иттилои манбаъ, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон футболбозон Муҳаммадҷон Шарифов ва Худойдод Узоқов ба ҳадаф расонидаанд. Футболбозони навраси тоҷик пагоҳ бо дастаи мунтахаби наврасони футболи Испания қувваозмоӣ мекунанд. Бозӣ соати 18-00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.