Искандари Рустам, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ оид ба гуштии озод ба хотираи Динмуҳаммад Қунаев, ходими машҳури давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзҳои 25-27 июл баргузор шуд, Искандари Рустам, паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи медали биринҷӣ гардид.
Искандар дар рақобатҳо дар вазни то 97 кг мақоми севумро касб кард. Инчунин Алихон Ҷумъаев аз Қазоқистон дар ҷойи севум қарор гирифт. Ҳарду ба ҷуз медалҳои биринҷӣ, бо ҷоизапулӣ ҳар кадом ба маблағи 1000 доллари ИМА мукофотонида шуданд.
Дар ин вазн Ёрмуҳаммад Инкор аз Қазоқистон ғолиб гашт ва бо медали тиллову 5000 доллар сарфароз гардид. Ба Дато Карашвили (Гурҷистон) барои ҷойи дувум медали нуқра ва 3000 доллар тақдим шуд.
Дар ин мусобиқа гуштигирони 9 кишвар – Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Нигерия, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина ва Эрон – аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо (то 57 кг, 61 кг, 65 кг, 70 кг, 74 кг, 86 кг, 97 кг, беш аз 125 кг) рақобат карданд.
Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон, ки дар шаш вазн ғолиб шуд, мақоми аввалро азони худ кард. Гуштигирони Муғулистон, ки дар ду вазн медалҳои тилло гирифтанд, дувум шуданд.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста