Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон рӯйхати номзадҳо барои гирифтани стипендияи олимпӣ тасдиқ карда шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти КМО Тоҷикистон, ба ин рӯйхат ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ барои дарёфти иҷозатнома 20 варзишгари муваффақи ҷумҳурӣ шомил гардида, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро (Бразилия) талош меварзанд.
Ба иттилои манбаъ, ба ин рӯйхат Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев, Шаҳриёр Аҳмедов (бокс); Дилшод Назаров (варзиши сабук); Искандлар Рустам, Фарҳод Усмонзода, Манучеҳр Аллаев, Хусрав Облобердиев, Муродҷон Тӯйчиев, Залимхон Юсупов, Баҳодур Қодиров, Сомиршо Воҳидов (гӯштии варзишӣ); Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, Комроншох Устопириён, Расул Абдушарифов (дзюдо) ва Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (таэкондо ВТФ) дохил шуданд.
Гуфта мешавад, рӯйхати номзадҳо барои дарёфти стипендияи олимпиро КМО Тоҷикистон ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ирсол намуда, пас аз маъқул шуморида шудани он, варзишгарони зикршуда аз 1-уми сентябри соли 2014 бо стипендияҳои олимпӣ таъмин карда мешаванд.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста