Рӯзи 7-уми август дар Душанбе мусобиқоти Чемпионати XI-уми ҷаҳон миёни наврасон ва VI-ум миёни собиқадорон оид ба таэквон до (ИТФ) оғоз мегардад.
Мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, шоми рӯзи 7-уми август дар ҳамон ҷо маросими расмии ифтитоҳи чумпионат доир мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории нахустин мусобиқаи чемпионати ҷаҳон дар таърихи кишвар 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда, ҳамчунин хизматгузориҳои зиёди имтиёзнок ё ройгонро пешниҳод мекунад. Ғайр аз ин, Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони худ барои дар сатҳи зарурӣ баргузор шудани чемпионат боз 400 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот мекунад.
Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкон-до (ИТФ) дар Душанбе беш аз 600 нафар варзишгарон аз 52 кишвари дунё иштирок мекунанд. Тоҷикистонро 43 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд, ки 20 нафарашон духтарон мебошанд.
Дар Чемпионати ахири Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) дар Непал дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гирифтани 23 медали итлло шарафёб гардида буд. Давоми 20 сол Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Тоҷикистон аз рӯи ин навъи варзиш 36 чемпиони ҷаҳон ва 35 устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ омода кардааст.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста