Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки аз 25 то 31-уми август дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, намояндагони Тоҷикистон ягон медал ба даст оварда натавонистанд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, 9 варзишгари ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомил буданд: Каъбатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарифов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарход Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).
Дар мусобиқаи умумидаставӣ тими мунтахаби Ҷопон бар дастаи соҳибони майдон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа дониста шуд. Русия мақоми дуюм ва дастаҳои Олмону Гурҷистон ба медалҳои биринҷӣ сазовор гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо дар Русия аз 110 кишвари дунё 639 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Дар мусобиқа барои 14 маҷмӯаи медалҳо қувваозмоиҳо сурат гирифтанд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста