Дар маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё «AFC Annual Awards”, ки рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, баргузор шуд, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳамроҳ бо Филлипину Ҳинд ҷоизаи махсуси президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои рушди футболи оммавӣ тақдим гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси ФФТ гуфтааст, ки "Ин ҷоиза барои инкишофи футбол дар кишвар бисёр муҳим аст. " Ба гуфтаи ӯ дар чорабиниҳои соли оммавии футбол дар Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор наврасу кӯдакон ширкат карданд ва барномаҳои зиёди дигаре барои инкишофи футбол иҷро шуд.
Ба иттилои манбаъ дар ин маросим беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2014 дар Осиё низ муайян шуда,Носир ал-Шамронӣ, футболбози араб ва ҳамлагари дастаи «Ал-Айн»-и Арабистони Саудӣ беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2014 эълон шуд ва унвони беҳтарин довари Осиёро дар ин сол Равшан Эрматов, довари ӯзбекистонӣ, ба даст овард.
Гуфта мешавад, дар байни духтарони футболбоз Катрина Ли Горри аз Австралия беҳтаринзани футболбози Осиё дар соли 2014 эълон шуд. Ин духтари 22-сола ҳоло дар тими Brisbane Roar дар Амрико бозӣ мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки беҳтарин тими Осиё ҳам аз Австралия шуд ва ин унвонро Sydney Wanderers азони худ кард, мураббии тим Тони Попович, беҳтарин мураббии Осиё эълон шуд.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста