Дастаи "Истиқлол”-Душанбе, қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар, бар асоси қуръакашӣ, ки, санаи 11-уми декабр, дар қароргоҳи АФК (Кофедератсиюни футболи Осиё), дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, баргузор шуд, дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи "С” бо тимҳои "Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, "Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард. Ин гурӯҳро коршиносон "гурӯҳи марг” ном бурдаанд.
Бино ба иттилои дафтари матуботи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар қуръакашии Ҷоми АФК-2015 намояндагони 41 даста, ки 23 фелератсияи миллиро намояндагӣ карданд, ширкат доштанд. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 24-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.
Дар Ҷоми АФК-2015 Тоҷикистонро ба ҷуз «Истиқлол», дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи меалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад.
«Истиқлол» ба сабқат аз даври гурӯҳӣ, «Хайр» бошад, аз даври плей-офф шурӯъ хоҳад кард. Ба «Хайр» барои он ки ба даври гурӯҳӣ роҳ ёбад, ду ғалаба ба даст овардан зарур аст.
Дар даври интихобӣ рақиби «Хайр» қаҳрамони Бангладеш - бошгоҳи «ШайхРассел» - мебошад. Ин бозӣ 10-уми феврали соли оянда дар Варзишгоҳи марказии шаҳриДушанбе баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта»- рақобат хоҳад кард.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста