Ҳайати доварони ҳакамикунандаи бозии байни дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2014 – «Хайр»-и Ваҳдат ва чемпиони Бангладеш «Шайх-Рассел» дар доираи марҳилаи дуюми квалификатсионии Ҷоми КФО-2015 маълум шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиро, ки рӯзи 10 феврал, соати 13.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати доварон аз давлати Қатар ҳакамӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, сардовари бозӣ, рефери ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 27-сола мебошад. Доварони канорӣ ҳамватанони ӯ Ҷума Муҳаммад Ал-Буршаид ва Саул Аҳмад Ал-Макалеҳ мебошанд, ки ҳар ду 26 сола мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро низ Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 32 солаи қатарӣ бар уҳда дорад. Комиссари ин бозӣ сардори шӯъбаи техникии Федератсияи футболи Узбекистон Алим Арифов таъин шудааст.