Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва  Ассотсиатсияи футболи Молдив ҷиҳати баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ҳар ду кишвар тавофуқ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, вохӯрӣ рӯзи 26-уми моҳи март дар Молдив баргузор мешавад. Айни замон мунтахаби миллии Молдив дар раддабандии ФИФА дар зинаи 131-ум ва мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, дар зинаи 136-ум қарор доранд.

Гуфта мешавад, қаблан мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Молдив ду маротиба бо ҳам вохӯрданд. Бори аввал дар Бозиҳои Осиёӣ-1998 дар Таиланд. Дар ин бозӣ, ки 1-уми декабри соли 1998 дар Сулхамбурии Таиланд доир гардид, футболбозони тоҷик бо ҳисоби калони 3 бар 0 ғолиб шуданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Муминов, Зокир Бердиқулов ва Дмитрий Салтсман ба самар расониданд.

Бори дуюм бошад, мунтахабҳои милии Тоҷикистону Молдив, дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 дар Мали бо ҳам рӯ ба рӯ шуданд. Ин бози санаи 25-уми марти соли 2011 доир гардида, мусовӣ ва бидуни гол анҷом шуд.