Гурзандози маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Осиё Дилшод Назаров бори дуюм дар мусобиқаи силсилаи IAAF (Федератсияи байналмилалии варзиши сабук) оид ба гурзандозӣ дар Гран-При Карлстади Шветсия пирӯз шуд.
Пас аз чор рӯзи ғолибият дар мусобиқаи байнулмилалӣ ба хотири бародарон Знаменскийҳо дар вилояти Маскав Дилшод Назаров ин дафъа гурзро ба масофаи 77,95 метр партофта зинаи аввалро касб намуд. Зинаҳои дуюм ва сеюм дар ин мусобиқаро варзишгари Британияи Кабир Ника Миллер бо натиҷаи 77,55 метр ва гурзандози Италия Марко Лингва бо нишондиҳандаи 76,76 метр ишғол карданд.
Бо ин ғалаба Дилшод Назаров мавқеъи дуюмашро дар ҳисоби умумии Hammer ThrowChallenge ҳифз кард. Мусобиқаи муҳими наздиктарин барои Дилшод Назаров Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук мебошад, ки бо сарпарастии IAAF аз 22 то 30 августи соли 2015 дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки Дилшод Назаров нахустин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои Олимпиада-2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) даст ёфт.
Ҳамчунин дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2015 дар шаҳри Ухани Чин Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.68 метр маротибаи сеюм қаҳрамони Осиё шуд.
Бозиҳои олимпии соли 2016 барои Дилшод Назаров Олимпиадаи чорум аст. Бори нахуст ӯ соли 2004 дар Олимпиадаи Афина (Юнон) иштирок кард. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ӯ зинаи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон мақоми 10-умро касб намуда буд.
Дилшод Назаров қаҳрамони Осиё дар солҳои 2009 ва 2013 аст. Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон соли 2013 дар Маскав ба дарёфти мақоми 5-ум ноил гардида буд.
Ҳамчунин мебояд гуфт, дар баробари варзишгари маъруф будан, айни замон Дилшод Назаров ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон низ фаъолият дорад.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста