Дар мусобиқаи футболи Ҷоми «Истиқлол» бозиҳои давраи чорякниҳоӣ доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дастаҳое, ки дар давраи ниманиҳоӣ (нифиналӣ)-и мусобиқа иштирок мекунанд, муайян карда шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар даври чорякфиналӣ дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар он роҳбари Агентии зиддифасод ва президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ низ бозӣ мекунад, бар дастаи «Вавилон» ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, дар ин давр тими ФФТ бо дастаи «Динамо»-и ВКД таҳти раҳбарии вазир Рамазон Раҳимзода, ки дар вохӯрии чаҳорякфиналӣ дастаи «Ориёнбонк»-ро мағлуб сохт, бозӣ хоҳад кард.

Дар бозии дуюми ниманиҳоӣ дастаҳои «Амонатбонк» ва «Бонки миллӣ» рақобат карда, бозиҳои нимфиналии Ҷоми «Истиқлол» рӯзи якшанбе, 4 сентябр доир мегарданд. Бозии ФФТ бо «Динамо» соати 18:00 ва вохӯрии «Амонатбонк» бо «Бонки миллӣ» соати 19:00 муқаррар шудааст.