Дар Бозиҳои соҳилии Осиё, ки санаи 22 сентябр дар Дананг (Ветнам) оғоз гардид, варзишгари тоҷик Саймуҳаммад Шарипов (вазни то 75 кило) дар риштаи муайтай (муштзании таиландӣ) ба дарёфти медали бириниҷии мусобиқа мушарраф шуд.

Бозиҳои V соҳилии Осиё аз 20 сентябр то 3 октябр аз рӯи 14 навъи варзиш бо иштироки 5 ҳазор нафар намояндагони 45 кишварҳои қораи Осиё баргузор мешаванд. Маросими пӯшидашавии Бозиҳо санаи 3 октябр доир мегардад.

Дар Бозиҳои пешини соҳилии Осиё, ки дар Тайиланд баргузор шуданд, Тоҷикистон 3 медал ба даст оварда буд.

Дар Бозиҳои ҳозира то имрӯз дастаи Ветнам бо 24 медал (4 медали тилло, 5 нуқра ва 15 биринҷӣ) пешсаф аст. Намояндагони Қазоқистон ба гирифтани 5 медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ), Туркманистон 4 медал (ҳамааш биринҷӣ) ва Қирғизистон 1 медал (биринҷӣ) ноил гардидаанд. Ӯзбекистон алҳол медал ба даст наовардааст.