Дар мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» аз 15 то 17 октябр дар варзишгоҳи «Жар»-и пойтахти Ӯбекистон баргузор шуд, футболбоздухтарони тоҷик зинаи охирини 4-умро ишғол намуданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозӣ аз дастаҳои Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 8 ва тими Эрон - 0 бар 6 шикаст хӯрда, бозиро бо дастаи Қирғизистон - 1 бар 1 мусовӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад, дастаи мизбон – мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз ғолиби ин мусобиқа гардид. Тими Эрон бо 6 имтиёз мақоми дувумро гирифт.

Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон якимтиёзӣ ба даст оварда, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон мақоми севумро касб кард.

Ба иттилои Қаноат Латифов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19), мусобиқаи «CAFA Women’s Cup U-19» дар Тошканд барои футболбоздухтарони тоҷик як санҷише буд пеш аз мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола.

Ёдрас мешавад, ки мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола, ки аз 27-ум то 31-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, бо дастаҳои Ӯзбекистон (27 октябр), Тайван (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) бозӣ мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешаванд.