Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 20 октябр дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  4 зина боло рафта, акнун бо 227 имтиёз зинаи 140-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 24-ум қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё зинаи аввалро - Эрон (27-ум дар ҷаҳон), мақоми 2-юмро - Австарлия (40-ум дар ҷаҳон) ва ҷои 3-юмро - Кореяи Ҷанубӣ (44-ум дар ҷаҳон) ишғол кардаанд.

Моҳи ноябр мунтахаби футболи ҷумҳурӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тимҳои Туркманистон (9 ноябр) ва Афғонистон (13 ноябр) бозиҳои дӯстона доир мекунад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.