Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар бозии чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 19-сола аз тими Ҷопон бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, футболбозони ҷавони ҷопонӣ дар ҳарду қисми бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон дуголӣ заданд. Огава Коки дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Доан Ритсу дар дақиқаи 18-ум ба ҳадаф расонд. Огава Коки дар дақиқаи 73-юм ҳисобро афзун намуд. Голи чорум ва ниҳоиро Юто Ивасаки дар дақиқаи 88-ум ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми октябр бо тими Ветнам, ки рӯзи якшанбе дар бозии чорякниҳоӣ тими Баҳрайнро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, рақобат мекунад. Тӯбро дар дақиқаи 72-юм ҳамлагар Тран Тҳан ба дарвозаи мизбонон зад.

Дар бозии охирини даври чорякниҳоӣ, ки шаби 24-уми октябр дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и Манамаи Баҳрайн баргузор шуд, тими мунтахаби ҷавонони Эрон бар дастаи Узбакистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро ҳамлагар Ризо Ҷаъфарӣ дар дақиқаҳои 14-ум ва 47-ум ба самар расонд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Эрон дар бозии ниманиҳоӣ рӯзи 27-уми октябр бо тими Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешавад.

Дастаҳое, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн ба нимфинал баромаданд, соҳибони роҳхатҳо ба қаҳрамонии ҷаҳон шуданд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад.