Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “D” аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин бозӣ 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “D” мунтахаби Тайван дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, баъди даври аввал дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D”, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 31-уми октябр идома меёбад, дастаҳои Тайван ва Ӯзбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Дар даври дувуми мусобиқаи интихобӣ рӯзи шанбеи 29-уми октябр Ҳонконг бо Ӯзбекистон (соати 14:00) ва Тоҷикистон бо Тайван (17:00) рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки танҳо ғолиби гурӯҳи “D” ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола роҳхат мегирад.