Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” аз тими Тайван бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” 29-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мунтахаби Узбакистон дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ду тӯбро Шаҳноза Қурбонова (дақиқаҳои 78-ум ва 79-ум) ва яктоашро Фирӯза Бобохӯҷаева (53) ба дарвозаи мунтахаби Ҳонконг ворид намуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқа тими мунтахаби духтарони то 19-солаи Тоҷикистон аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, баъди даври дувум дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” дастаҳои Тайван ва Узбакистон бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тайван дар мақоми аввал ва Узбакистон дар мақоми дувум қарор доранд. Дар бозии даври ниҳоӣ миёни ин ду даста, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, тақдири роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола ҳал мешавад.

Вале дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳонконг, ки имтиёз ба даст наовардаанд, сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.