Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 24 ноябр дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  9 зина боло рафта, акнун бо 231 имтиёз зинаи 131-умро ишғол мекунад. Ин нишондиҳанда баъди ғалаба дар ду бозии охир бар дастаҳои мунтахаби Туркманистон(3:0) ва Афғонистон (1:0) ба даст омадааст.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 20-ум қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё зинаи аввалро - Эрон, мақоми 2-юмро - Кореяи Ҷанубӣ ва ҷои 3-юмро - Ҷопон ишғол кардаанд. Зинаҳои аввали рейтингро мунтахабҳои Аргентина, Бразилия ва Олмон касб кардаанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.