Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 22 декабр ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  2 зина боло рафта, акнун бо 231 имтиёз зинаи 129-умро ишғол мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 19-ум қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё зинаи аввалро - Эрон, мақоми 2-юмро - Кореяи Ҷанубӣ ва ҷои 3-юмро - Ҷопон ишғол кардаанд. Зинаҳои аввали рейтингро мунтахабҳои Аргентина, Бразилия ва Олмон касб кардаанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.