Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз ҳисоби духтарони солҳои таваллудашон 1997-2000 таркиб ёфтааст, дар марҳилаи интихобии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол барои Ҷоми «Challenge Trophy» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми севумро касб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаи минтақавиро Вазорати фарҳангу варзиш ва Федератсияи гандболи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии гандбол баргузор карданд. Дар мусобиқа варзишгарони ҷавони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд.

Дар сабқати занон мунтахаби Ӯзбекистон, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, ҷойи аввалро соҳиб гашт ва бо ҷоизаи аслӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Туркманистон ҷойи дувумро гирифт. Дастаи Тоҷикистон, ки бар тими Қирғизистон ғолиб омада, аз дастаҳои Ӯзбекистону Туркманистон мағлуб гашт, ҷойи севумро азони худ намуд. Мунтахаби Қирғизистон чорум шуд. Дар мусобиқаи духтарон дастаи Қазоқистон иштирок надошт.

Дар сабқати писарон низ мунтахаби Ӯзбекистон, ки дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуд, ҷойи аввалро азони худ кард. Дастаи Қазоқистон ҷойи дувум ва мунтахаби Туркманистон ҷойи севумро ишғол намуданд. Мунтахаби Тоҷикистон чорум ва дастаи Қирғизистон панҷум шуданд.