Бахтовар Ҳасанов, варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин 10 май дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон – шаҳри Деҳлӣ шуруъ шуд, ки то 14 май идома меёбад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Бахтовар дар нахустин рақобаташ дар вазни 75 кило Рай Ҳаяшии ҷопонро бо ҳисоби 12:4 шикаст дод. Дар чорякфинал аз Десунг Парки кореягӣ, ки дар ин вазн медали нуқра гирифт, бо ҳисоби 0:8 шикаст хурд.


Бахтовар сипас барои ҷои сеюм бар Ю-Чинг Чени тайбейӣ ғалаба кард – 8:0. Дар вазни 75 кило Мақсад Эрежапови қазоқистонӣ ғолиб омад. Бин Янги чинӣ низ соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар рӯзи аввали чемпионат рақобатҳо оид ба гуштини юнонӣ-румӣ дар 5 вазн – 66 кило, 75 кило, 80 кило, 91 кило ва 130 кило баргузор шуд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Абдулҳаев (вазни 80 кило) ва Азиз Зарипов (98) аз медал маҳрум монданд.

Рақобатҳо дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ аз рӯи 3 вазн – 59, 71, 85 миёни мардон ва ду вазн - 63, 75 миёни занон сурат мегирад. Дар вазнҳои 59 ва 71 кило варзишгарони Тоҷикистон – Рӯзадор Ҷуганиев ва Суҳроб Ҳоҷиев ба майдон мебароянд.

Рақобатҳо дар намуди гуштини озод 12 май оғоз мегардад.

Шарафи варзиши ҷумҳурии моро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгар аз рӯи намудҳои гуштини озод ва юнонӣ-румӣ ҳимоя мекунанд: Ҷамшед Шарифов (вазни 57 кило), Абдулқосим Файзиев (61), Амирҷони Саидҷон (65), Ғуломҷон Шарифов (70), Салимҷон Ҳалимзода (74), Баҳодур Қодиров (86), Искандари Рустам (97), Фарҳод Анақулов (125) дар намуди гуштини озод; Рӯзадор Ҷуганиев (59), Суҳроб Ҳоҷиев (71), Бахтовар Ҳасанов (75), Суҳроб Абдулҳаев (80) ва Азиз Зарипов (98) дар намуди гуштини юнонӣ-румӣ.