Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 гардида, ба марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои ФФТ, дар вохӯрии охирин дар гурӯҳи «D» футболбозони «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бар дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 90+2 Дилшод Восиев ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тариқ, бо касби 16 имтиёз дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» зинаи аввалро ишғол намуда, 5 ғалаба ба даст овард ва танҳо як бозиро мусовӣ анҷом дод.

Дар марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавии Ҷоми КФО тимҳои Бенгалуру» (Ҳиндустон), «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) ё ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) ҳарифи дастаи «Истиқлол» шуда метавонанд.

Маросими қуръапартоии марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавии Ҷоми КФО-2017 рӯзи 6 июн дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур доир гардида, бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 22-23 август ва вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 12-13 сентябр баргузор мешаванд.