Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 1 июн ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта  мунтахаби футболи Тоҷикистон  1 зина боло рафта, акнун бо 205 имтиёз зинаи 137-умро ишғол мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 24-ум қарор дорад.

Бозии навбатиии худро мунтахаби Тоҷикистон дар доираи вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахаби Филиппин мегузаронад. Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Филиппин мақоми 126-умро ишғол мекунад.

Вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Филиппин санаи 13 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 21:00 оғоз мегардад.

Рейтинги минбаъдаи Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 6 июл ба нашр мерасад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.