Рӯзҳои 9-13 августи соли равон дар Чилӣ чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, аз Тоҷикистон дар чемпионати мазкур 5 варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки чанде пеш (13-14 июл) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов чемпиони Осиё гардида буданд.