Се бозии даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барузор шуда, як бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва ду бозии дигар бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Бозии дигар миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозиро бо дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе - бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо 39 имтиёз садрнишин аст. Ба “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтан, дар шаш бозии боқимондаи мусобиқа се - чор имтиёз гирифтан кофист. ССКА «Помир» бо 30 имтиёз мақоми дувум ва “Хуҷанд” бо 27 имтиёз мақоми севумро касб кардаанд. Ҳарду даста барои медалҳои нуқраву биринҷӣ талош доранд.

Зинаҳои минбаъдаро дастаҳои зерин ишғол кардаанд: 4.“Регар-ТадАЗ” – 20 имтиёз. 5.”Вахш” – 18 имтиёз. 6.”Барқчӣ” – 17 имтиёз. 7.”Панҷшер” – 16 имтиёз. 8.”Ҳосилот” – 15 имтиёз.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), ки ҳамагӣ 14 тӯб задааст, дар мақоми аввал аст. Дилшод Бозоров («Хуҷанд») бо 8 тӯб дар мақоми дувум, Фарҳод Тоҳиров ва Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») бо 7-тӯбӣ дар мақоми севум қарор доранд.