Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дидори аввали худро дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон бо пирӯзӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», футболбозони тоҷик ба дарвозаи дастаи Қазоқистон-2 шаш голи беҷавоб заданд. Тӯбҳоро Ҷонибек Шарипов, Рустам Соиров (2 голӣ), Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ба ҳадаф расонданд.

Гуфта мешавад, нимаи имрӯз (соати 13:00 ба вақти Душанбе мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Ӯзбекистон қувва меозмоянд.

Дар мусобиқаи Ҷоми президенти Қазоқистон 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карда, ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа барои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 16 то 24 сентябр дар Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин даври интихобӣ ҳарифони тими Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Уммон, Сурия, Туркманистон ва Малдив мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.