Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври нуздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат бар дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 5 бар 0 ғолиб омада, чанд давр пеш аз анҷоми мусобиқа пеш аз муҳлат унвони чемпиониро ба даст овард, ки ин медали шашуми тиллои даста дар таърихи мавҷудияташ аст.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, «Истиқлол» бори чаҳорум аст, ки пайдарпай ба ин унвон соҳиб шуда, солҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 низ дар мусобиқаи Лигаи оли футболи ҷумҳурӣ ба комёбӣ ноил гардида буд.

Гуфта мешавад, то анҷоми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол» боз 5 бозии дигар мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.