Мутахассиси соҳаи футболи Тоҷикистон Рустам Хоҷаеви 46-сола сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир” таъйин шуд.
Бинобар сабаби натиҷаҳои ғайриқаноатбахш дар мавсими соли гузашта раҳбарияти даста қарордод бо сармураббии пешин Тоҳирҷон Муминовро тамдид накард.
Қобили зикр аст, ки соли 2017 таҳти раҳбарии ин сармураббӣ даста ба медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон соҳиб шуда буд.
Мавсими гузашта Рустам Хоҷаев вазифаи сармураббигии дастаи “Панҷшер”-ро бар уҳда дошт. То кор дар “Панҷшер” ӯ соли 2017 дастаи “Хуҷанд”-ро ба роҳбарӣ гирифта, бо ин даста медали нуқраи мусобиқа ва Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.